Супоридани эътимоднома ба Амири Давлати Қатар
8 октябри соли 2017 Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро қабул кард.
Зимни суҳбате, ки пас аз маросими тақдими эътимоднома сурат гирифт, Сафири Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва таманниёти неки роҳбарияти олии Тоҷикистонро ба мардуми ин кишвари дӯст расонид.
Амири Давлати Қатар аз сатҳи олии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард ва аз ҷониби худ низ рағбату алоқамандии зиёди Қатарро ба тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд иброз намуд. Дар ин замина Амири Қатар бар зарурати идома ва татбиқи бомуваффақи тарҳҳои муштарак, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид кард. Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвари дӯст ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Давҳа низ зарур арзёбӣ гардид.
Амири Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми бародаронаи худро тақдим кард ва ба мардуми Тоҷикистон орзӯҳои сулҳу субот ва пешрафту шукӯфоии минбаъдаро таҳти раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.