СОҲИБЗОДА ХИСРАВ СОҲИБ

Cанаи таваллуд: 14 январи соли 1972

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1994 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Россияро хатм намудаааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

1994-1995 — Корманди илмии Шуъбаи этнодемография ва муносибатҳои байниқавмии Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1995-1997 — Мутахассиси пешбари Идораи хоҷагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1997-2000 — Котиби сеюми Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2000-2002 — Таҳсил дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Россия;

2002-2003 — Котиби дуюми Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2003-2004 — Мудири шуъбаи Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2004-2008 — Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон;

2008-2009 — Мушовири Раёсати таҳлил ва тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2009-2011 — Муовини сардори Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2011-2014 — Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон;

2014-2017 — Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз августи соли 2017 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва фаронсавиро медонад.