Сайёҳӣ
Тоҷикистони афсонавӣ, ки 93% масоҳаташро кӯҳҳои Помир ва Тияншан гирифтаанд. Сарзамине, ки аз он бояд дидан кард. Кишваре дар Роҳи Бузурги Абрешим бо ёдгориҳои бойи таърихӣ, ки ба ҷаҳон мутафаккирон, шоирон ва олимони бузургеро, ки дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд, тақдим кардааст.
Сайёҳони имрӯзаро осорҳои тамаддуни зардуштӣ, фарҳанги исломӣ, имконоти бемаҳдуди кӯҳнавардиву алпинизм ва, албатта, дастархони миллӣ, ки беҳтарин таомҳоро дар давоми чандин ҳазорсолаҳо дар худ ҷамъовардааст, ба худ ҷалб мекунанд. Дар Тоҷикистон баландкӯҳҳои зебо, обшорони заррин, арчазорҳо, туғайзорҳо ва роҳҳои автомобилгарди осмонбӯс, ки касро ба ҳаяҷон меоранд, зиёд мебошанд.
Иттилои бештар дар бораи туризми Тоҷикистон инҷост.