Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қатар

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ. Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 13 декабри соли 1994 барқарор шуданд.
Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Соҳибзода Хисрав Соҳиб ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдуллоҳ мебошанд.
Робитаҳои сиёсӣ. Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав кушод ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон августи соли 2007 — аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Баргузории сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 5 – 7 феврали соли 2017 бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва музокироти сатҳи олӣ дар Давҳа дар ҷиҳати тавсеи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид ва самтҳои дурнамодори ҳамкориҳоро дар арсаҳои сиёсию амниятӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва фарҳангию башарӣ таъйин кард. Бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ абзори машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои вазирон, муовинони вазир ва роҳбарони раёсатҳо таъйин шудааст.
Тамосҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, эътимоди мутақобил ва мавқеи ягона ва ё наздики ду кишвар нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва инчунин тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳошияи СММ ва созмонҳои дигари бисёрҷониба бар сатҳи баланди робитаҳои сиёсии ду кишвари дӯст далолат мекунанд. Тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар дар тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва таъмини суботу амнияти пойдори минтақавию ҷаҳонӣ нақши созанда ва муассир дорад.
Ба мақсади густариши робитаҳои дуҷониба бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01.2019 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ бо Маҷлиси Шӯрои Давлати Қатар таъсис дода шуд.
Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ. Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро созишномаҳои зерини ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад:
1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ (6 майи соли 2007);
2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (6 майи соли 2007);
3. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар (6 майи соли 2007);
4. Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар (6 майи соли 2007);
5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ (25 августи соли 2011);
6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният (6 феврали соли 2017);
7. Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг (6 феврали соли 2017);
8. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар (6 феврали соли 2017);
9. Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ (6 феврали соли 2017);
10. Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ (6 феврали соли 2017);
11. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ (6 феврали соли 2017);
12. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ (6 феврали соли 2017);
13. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ (6 феврали соли 2017);
14. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо ва Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (21феврали соли 2018);
Инчунин 4 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ байни мақомоти дахлдори ду кишвар ба имзо расидааст. Лоиҳаҳои 12 санади нави дуҷониба, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориро дар бар мегиранд, мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтааст ва интизор меравад дар ҳошияи мулоқоти навбатии сатҳи олӣ ба имзо расанд.
Хронологияи табодули сафарҳо ва музокиротҳои дуҷониба.
6-7 майи соли 2007 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Қатар ба вуқӯъ пайваст. Боздиди мазкур пояи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро гузошт. Дар ҷараёни ин боздид 4 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид;
Августи соли 2007 Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо сармоягузории Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо риояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад. Ҳамчунин мувофиқа ба даст омад, ки байни ду кишвар хати мустақими ҳавоӣ фаъол гардад. Дар шаҳри Душанбе 4 санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расид;
Бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 5 – 7 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар сафари расмӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ҷиҳати тавсеаи заминаи ҳуқуқию шартномавии ҳамкориҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
25 августи соли 2011 Вазири давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар ҷаноби Холид ал-Атийя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории кӯтоҳмуддат анҷом дода, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузориро аз ҷониби Давлати Қатар ба имзо расонид;
28 — 29 марти 2013 Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии он кишвар Холид ибни Атия ҷиҳати иштирок дар нишасти ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкориҳои Осиё бо ҳайати ҳамроҳ ба Тоҷикистон сафар анҷом дод. Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур Вазир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, масоили рушди ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯстро баррасӣ намуданд;
18-22 майи 2013 Вазири молияи Давлати Қатар ҷаноби Юсуф Камал ҳайати Давлати Қатарро дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки дар Душанбе баргузор гардид, роҳбарӣ намуд;
20-21 августи 2013 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳайати қатарӣ зери роҳбарии Вазири ҳифзи муҳити зисти Давлати Қатар Аҳмад бин Амир ал-Ҳумайдӣ иштирок намуд. Зимни сафари худ Сардори ҳайат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 август ва 21 август бо Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод;
17-18 феврали соли 2015 сафари Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева ба Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Анҷумани байналмилалӣ оид ба инноватсия дар соҳаи тандурустӣ танзим карда шуд. Дар ҷараёни сафари мазкур мулоқотҳои Лола Бобоҳоҷиева бо Вазири тандурустии Давлати Қатар баргузор гардид, ки зимни он мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд;
23-27 феврали соли 2015 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ҷаноби Солеҳ Бин Алӣ ал-Муҳаннадӣ бо ҳайати ҳамроҳ ба мақсади густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шиносоӣ аз вазъи кунунии соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни сафар мулоқотҳои ҳайати мазкур бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, Фонди хайриявии “Лона”, Фонди ҷамъияти хайрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон байни ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қатар ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расид;
16-20 марти 2015 тибқи даъвати Вазири молияи Қатар сафари расмии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қурбонов ба Давҳа сурат гирифт;
9 – 10 июни 2015 ҳайати Давлати Қатар зери роҳбарии Вазири энергетика ва саноати он кишвар ҷаноби Доктор Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Сода барои шитирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005 – 2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд.
9 — 14 январи соли 2017 гурӯҳи кории қатарӣ ҷиҳати мувофиқа намудани лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя” дар Душанбе қарор дошт.
12 — 14 майи соли 2017 сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аслов С.М. ба Давҳа баргузор гашт. Дар ҷараёни машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷӣ масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саёҳатӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
9 октябри соли 2017 фиристодаи махсуси Амири Қатар Шайх Халифа бин Ҳамад Оли Сонӣ (бародари Амир) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.
15-16 октябри соли 2017 ҳайати қатарӣ таҳти роҳабарии Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар Султон Саъд Ал-Мурайхӣ дар ш. Душанбе дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзид. Дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
31 октябр — 1 ноябри соли 2017 сафари кории Раиси Бонки марказии Давлати Қатар ба Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни музокироту вохӯриҳо дар Душанбе масоили рушди ҳамкориҳо миёни низомҳои бонкию молиявии ду кишвар баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ташкили низоми бонкдории исломӣ ва тавассути он вусъат додани ҳамкориҳо бо сармоягузорони кишварҳои арабӣ таъкид гардид ва ҷониби Қатарӣ омодагии худро барои таъсиси бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд.
7-9 январи соли 2018 сафари ҳайати қатарӣ иборат аз намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ва ширкати энергетикии Қатар “Небрас” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар рафти сафар ҳайати мазкур бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об ва инчунин бо роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулокот намуд.
27-28 январи 2018 дар Давҳа мулоқотҳои Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Вазири корҳои исломӣ ва авқофи Қатар доктор Ғайс бин Муборак ал-Куворӣ ва Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наимӣ баргузор шуданд. Дар ҷараёни суҳбатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти ҳифзи арзишҳои созандаи динию фарҳангӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ ва инчунин ташкил намудани чорабиниҳои муштараки илмию маърифатӣ оид ба мавзӯъҳои ҳамзистии адён ва нақши арзишҳои динию фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеа баррасӣ гардиданд.
20-21 феврали соли 2018 дар шаҳри Давҳа ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 13-уми муколамаи динҳо дар мавзӯи “Дин ва ҳукуқи инсон” ширкат варзид.
27-29 марти соли 2018 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо сафари корӣ дар шаҳри Давҳа қарор дошт. Дар ҷараёни мулоқотҳои ӯ бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ва Мудири кулли Кумитаи танзими кумакҳои хайриявии Қатар Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳеймӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирии офатҳои табиӣ ва рафъи паёмадҳои онҳо баррасӣ шуданд.
29-30 апрели соли 2018 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ба шаҳри Давҳа сафари корт аҷном дод. Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Давҳа форуми сайёҳӣ таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” баргузор шуд. Вохӯриҳои Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Н. Абдуғаффорзода бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар, раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ ва Роҳбари маъмурияти сайёҳии Давлати Қатар Ҳасан Абдулраҳмон Ал-Иброҳим баргузор гардиданд.
3-4 майи соли 2018 ҳайати ҳукуматии Қатар таҳти роҳбарии Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ дар кори Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок намуд. Дар ҳошияи конфронси мазкур раҳбари ҳайати Қатарро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфтанд.
20-21 июни соли 2018 ҳайати Давлати Қатар бо роҳбарии Вазири энергетика ва саноати Қатар доктор Муҳаммад бин Солеҳ ал-Сода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд –Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 дар шаҳри Душанбе иштирок намуд. Дар ҳошияи сафар роҳбари ҳайати Қатарро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуда, дар оянда боз ҳам густариш додани равобити дуҷонибаро муфид арзёбӣ карданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба соҳаҳои афзалиятноки барои ҳарду ҷониб манфиатовар, аз ҷумла, обу эенергетика ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
26-29 июли соли 2018 ҳайати давлати Қатар бо сарварии Мудири кулли Кумита оид ба танзими кумакҳои башарии давлати Қатар ҷаноби Иброҳим Абдулло ал-Дуҳеймӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом дод. Дар ҳошияи сафар самтҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак аз ҳисоби кумакҳои хайриявиии Қатар дар самти пешгирии офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он, маориф, тиб ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ мувофиқа шуданд. 27-28 июли 2018 намояндагони созмонҳои хайриявии Қатар аз як қатор наҳияҳо ва иншоотҳои кишвар, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, боздид ба амал оварданд.
27-31 августи соли 2018 ҳайати ҳукуматии Давлати Қатар бо роҳбарии Шайх Аҳмад ибни Ҷосим ибни Муҳаммад Оли Сонӣ, вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар ба Душанбе сафари корӣ анҷом дод Дар ҳошияи сафар мулоқоти ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири рушди иқтисод ва тиҷорат ва роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баргузор шуданд. Зимни мулоқотҳо масъалаҳои кушодани хатсайри ҳавоӣ, содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Қатар, қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва интиқоли бору сармоягузориҳои муштарак баррасӣ шуданд.
30 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе музокироти роҳбарияти Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар ва Ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар бо роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Рӯзҳои 8-10 октябри соли 2018 дар шаҳри Давҳа ширкату корхонаҳои Тоҷикистон –ҶДММ “Ноқили Талко”, ҶСП “Оби Зулол”, корхонаи муштараки “Аввалин” ва ҶДММ “Реал” дар аввалин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ иштирок ва маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Қатар” доир гашт, ки дар кори он ҳайати кишварамон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат варзид.
Дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар Давҳа рӯзҳои 8-10 октябри соли 2018 вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ, Вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар Шайх Аҳмад бин Ҷосим бин Муҳаммад Оли Сонӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ ва Раиси Шӯрои мудирони минтақаҳои озоди иқтисодии Қатар Аҳмад Муҳаммад ал-Сайид баргузор шуданд.
24 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дар рафти машваратҳо роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешбурди ибтикороти созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Аз 29 то 31 октябри соли 2018 ба мақсади роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар самтҳои амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил сафари ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баргузор шуд. .
Рӯзҳои 12-15 ноябри соли 2018 ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа дар Ҳамоиши байналмилалии навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ (WISH 2018) ширкат варзид. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва ҳайати ҳамроҳро Вазири тандурустии Давлати Қатар хонум доктор Ҳанон ал-Каворӣ ба ҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат мавзӯҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла роҳҳои татбиқи амалии (банди11) Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баррасӣ шуданд.
Рӯзҳои 26 -29 ноябри соли 2018 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид анҷом дод. Дар ҳошияи сафари мазкур мулоқотҳои ҳайат бо роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва масъалаҳои тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва мусоидат дар боздошт ва истирдоди ҷинояткорон баррасӣ шуданд. Аз натиҷаи сафар Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамкориҳои фарҳангӣ. 7 октябри соли 2018 дар шаҳри Давҳа ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии идона баргузор шуд. Дар рафти ҳамоиши идона филмҳои мустанад оид ба талошҳо ва дастовардҳои таърихии мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тақвияти асосҳои давлати миллӣ, татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар, таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Меҳмонон ҳамчунин аз Намоишгоҳи аксҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» дидан намуданд.
Дар ростои иҷрои дастури роҳбарияти олии кишвар оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг ва муаррифии фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сафари ҳайати расмӣ ва эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 то 27 ноябри соли 2018 зери роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Давҳа ва нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қатар баргузор шуданд.
Аз 22 декабри соли 2018 то 4 январи соли 2019 дар ҷашнвораи байналмилалии фолклорию фарҳангии “Баҳори Давҳа” театр-студияи “Падида” таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофат Рашидова бо барномаҳои ҷолиби рақсию мусиқӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзид.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва нахустин сафари расмии Падарамир Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи Диёри Душанбе ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад (ҳаҷми умумии сармояҳои қатарӣ беш аз 300 млн. доллар аст).
Ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникӣ амал мекунад ва ҳамраисони комиссия вазирони иқтисод ва тиҷорати ду кишвар мебошанд. Октябри соли 2012 аввалин нишасти он дар Душанбе доир гашт. Нишасти дуюми Комиссияи муштарак моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Давҳа баргузор гашт.
Ҷаласаи сеюми Комиссияи мазкур 29-31 августи соли 2018 дар Душанбе сурат гирифт. Дар Протоколи ҷаласа зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию техникӣ ва сармоягузории байни ду давлат ва инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои молия ва бонкдорӣ, тиб, илму маориф, фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва саёҳат таъкид шудааст.