Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз самтҳои судовари ҳамкорӣ маънидод карданд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои аз ин ҳам манфиатовар ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна таъсис додани Фонди рушди қатарӣ дар Тоҷикистон ва ташкили ширкати муштараки машваратии инвеститсионӣ зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар, дар соҳаи коркарди маъданҳои куҳӣ, роҳандозии хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбеву Давҳа ва рушди соҳаи туризм аз самтҳои дигару муҳимми ҳамкории оянда маънидод карда шуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad