Вохӯрӣ бо Вазири шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар
11 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Румейҳӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин роҷеъ ба имкониятҳои таъсиси ширкату корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қатар табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо бар зарурати дар наздиктарин фурсат ба имзо расонидани созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро таъкид намуда, таҳкими робитаҳои мустақими корӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар дар арсаҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ва иштироки онҳоро дар намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон ва Қатар ҳамасола баргузор мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд.
Вазорати шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Қатар яке аз бузургтарин вазоратҳои кишвар буда, ҳамчунин масъули татбиқи сиёсати давлатии Қатар дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ мебошад.