Вохӯрӣ дар Вазорати корҳои дохилии Қатар
24 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Муовини вазири корҳои дохилӣ, Мудири кулли амнияти ҷамъиятии Давлати Қатар генерал Саъд бин Ҷосим ал-Хулайфӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар чолишҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назари судманд сурат гирифт.