“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-и Тоҷикистон дар Давҳа муаррифӣ мешавад
26 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли Бунёди фарҳангии “Катара” доктор Холид Иброҳим ал-Сулайтӣ мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои васеъ шинос намудани мардумони ду кишвар бо иқтидори сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ баррасӣ шуданд. Дар ин росто барои баргузории чорабиниҳои мухталиф дар шаҳраки фарҳангии “Катара” ба мақсади муаррифии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон” ва ба ин муносибат дар Давҳа баргузор намудани намоишгоҳи саёҳатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва инчунин барномаҳои консертии гурӯҳҳои фолклории Тоҷикистон, алоқамандии мутақобил таъкид гардид.