Таваҷҷуҳи Қатар ба сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қатар таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 29-30 апрели соли 2018 дар шаҳри Давҳа таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон”форуми сайёҳиро баргузор кард.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар форум намояндагони вазорату идораҳои Қатар, роҳбарони ширкатҳои саёҳатӣ, сармоягузорон, хабарнигорон ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Давҳа ширкат намуданд.Форумро сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода оғоз намуда, оид ба рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар ва дурнамои тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф суханронӣ кард.Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода муаррифномаи муфассалро оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон манзури иштирокчиён намуд. Маводҳои иттилоотӣ ва наворҳои ҷолиби видеоӣ оид ба имкониятҳо ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.Аз ҷумла таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ имтиёзҳо ва заминаи ҳуқуқии муносиб муҳайё шудааст.Аз сармоягузорони қатарӣ даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мутақобилан судманд дар рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва саёҳати байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.Иштирокчиёни форум ба иқтидори бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва куҳнавардию шикор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.