Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ
9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем.
Президенти мамлакат ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзур кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, зарур шумурданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд инчунин масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг, баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот татбиқи тарҳҳои зербиноии миллию минтақавии энергетикӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишвар махсус дар бахши энергетика, аз ҷумла лоиҳаи “САSA-1000”, роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ, роҳи оҳани “Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон” ҳамчун омили беҳсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маънидод карда шуд.