Иштирок дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москва оғоз гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарини футболи як қатор кишварҳои олам ва футболбозони машҳури ҷаҳон барои дарёфти Ҷоми мусобиқот байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар маросими кушодашавии Мусобиқоти футбол дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд.

Дар рӯзи нахустини кушодашавии мусобиқоти ҷаҳон оид ба футбол аввалин шуда, тимҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин навъи варзиш дар саросари мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст.

Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии амиқи Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар 2014 — “Соли оммавияти футбол” эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин навъи варзиш хеле тараққӣ кард.

Дар натиҷа дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионатҳои Осиё роҳхат гирифта, тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad