Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.
Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ — аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.
Муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад.
Дини мубини ислом, хусусан, мақому манзалати хайру эҳсонкориро бисёр баланд бардошта, онро бо ихлос ба Худованд тавъам медонад, чунки ихлосу эҳсон зевари беҳтаринест, ки ҳар як муъмин бояд худро бо он ороста намояд.
Дар Қуръони карим омадааст, ки эҳсону накӯкорӣ бояд воҷиботи фитрӣ ва табиии инсон бошанд, зеро тавре ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ медорад, ба инсон низ лозим аст, ки аз ин неъмати худодод ба дигарон эҳсон намояд.
Дини мубини ислом ба мусулмонон талқин мекунад, ки дар зиндагии худ ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд.
Тибқи ин фармудаҳо мардум бояд ҳангоми баргузории иди Фитр ба одоби оростани дастурхони хоксоронаи маънавӣ одат кунанд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордории хеш ҳамеша риоя намоянд.
Дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад.
Дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо анҷом додани онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшидани озурдахотирии байни ҳамдигар мебошад, ки ба таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҷомеаи озоду демократие, ки ҳоло бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, маросиму анъанаҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллиамон рангу таровати тоза бахшем.
Зеро муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар асоси манфиатҳои умумидавлатӣ шарти муҳимтарини тақвияти ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад.
Дар баробари ин, бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон ҳамватанони мо анҷом додани амалҳои хайр ва корҳои ободонӣ, аз қабили об овардан ба маҳалҳои аҳолинишине, ки сокинони онҳо аз об танқисӣ мекашанд, бунёду таъмир кардани мактабҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмону тармими пулу роҳҳоро вусъати тоза бахшиданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани сисолагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон корҳои бунёдкориву созандагӣ суръат пайдо карда, худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва дар байни аъзои ҷомеаи мо густариш ёфта истодааст.
Яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон додани садақаи фитр мебошад.
Тибқи таълимоти Қуръону ҳадис ва фатвоҳои бузургони мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр яке аз василаҳои муҳимми дастгирӣ ва кумак ба шахсони ниёзманд аст ва бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва маризону камбизоатҳо дода шавад.
Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд, ки “касе ятимеро ба кафолат мегирад, фардо дар рӯзи қиёмат дар канори ман мебошад”.
Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд.
Дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ неъмати бебаҳои истиқлолияту озодӣ ва дастовардҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Мо аз таҷрибаи талхи худ қадри амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро хуб эҳсос мекунем.
Аз ин лиҳоз, мардуми шарифи Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва дар вақтҳои дигар низ суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некномамонро идома мебахшанд ва барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон, оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд ва дасти кумаку саховатро аз шахсони ниёзманд дареғ намедоранд.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.
Фарорасии иди саиди Фитрро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар фарди Ватан саодату хушрӯзӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва тараққиёту пешрафти рӯзафзун орзумандам.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!