Мулоқот бо гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид
19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.
Қабл аз оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сарвари давлат ба намояндагони кишварҳо барои дастгирии ташаббуси ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об ва иштироки фаъолашон дар рафти ин чорабинӣ изҳори сипос карданд.
Тоҷикистон ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид аст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки бо кӯшиш ва дастгирии гуруҳи намояндагони кишварҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ин масъала дар оянда низ бар нафъи инсоният ба таври васеъ тарғиб хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе дар чорабинии канории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ню — Йорк баргузор мегардад, муҳим хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони гуруҳи кишварҳои доимии назди Созмони Милали Муттаҳид ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун роҳбари узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ва дигар талошҳову тадбирҳои мушаххаси Тоҷикистон бар нафъи аҳли башар, баҳои баланд доданд.