Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.
Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.
Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.
Бо ибтикори Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22-юми марти соли равон – дар Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об – мо ҳама якҷо ба раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба об ҳусни оғоз бахшидем.
Мехостам ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамсафонаш барои таҳия ва оғози роҳандозии Нақшаи амалиёти Даҳсола, ки метавонад василаи муҳимми раванди татбиқи он гардад, арзи сипос намоям.
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
Мо ба пешбурди Даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи бисёр муфиде, ки дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андӯхта шудааст, шурӯъ менамоем.
Дар ин ҷода тайи понздаҳ соли ахир мо саъю талошҳои муштаракамонро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшидем.
Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо саҳми арзишманд гузоштанд.
Ҳамзамон бо ин онҳо ба ҷалби фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба идораи захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳо ва истифодаи технологияву навовариҳои муосир дар ин соҳа мусоидат карданд.
Мехостам нақши ин ташаббусҳоро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, махсус зикр намоям.
Саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода барои таҳияи рӯзномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об ҷойгоҳи марказӣ дошта, ба ҳайси унсури калидии ин амалия муайян гардидаанд, заминаи боэътимод фароҳам оварданд.
Дар айни замон, далелҳои зайли ба шумо маълум гувоҳӣ медиҳанд, ки сафарбарсозии талошҳои умум ҳанӯз самараи дилхоҳ надодааст.
— дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард нафар ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд;
— ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ҷиддан ақиб мондаем.
Ғайр аз ин, таъсири номатлуби раванди тағйирёбии иқлим вазъи корҳоро ҷиҳати расидан ба идораи устувори захираҳои об мураккаб мегардонад.
Маълум аст, ки тағйироти глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозад.
Имрӯз дар олам зиёда аз ду миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашанд.
Тибқи пешгӯйии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра, баробар гардад.
Зимнан, тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад.
Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад.
Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфиро ба бор орад.
Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард.
Дар баробари ин омилҳо як силсила масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо доранд.
Дар маҷмӯъ баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд.
Таҷрибаи андӯхташуда нишон медиҳад, ки дар арсаи истифодаи захираҳои об якбора ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан мушкил аст.
Бо дарназардошти маҳз ҳамин таҷриба, Даҳсолаи оғозёфта, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдони васеъ барои таҳкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрҷониба дар соҳаи об бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст.
Дар ин зимн мо ният дорем ҳар ду сол Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи амалиётро доир намоем.
Дар ин самт мо ҳамкориамонро бо кишвару созмонҳои манфиатдор дар чаҳорчӯбаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда идома хоҳем дод.
Бо истифода аз фурсат, мехостам ба ҳамаи аъзои Кумитаи кунунии роҳбарикунандаи байналмилалӣ, ки дар омода намудани Конфронси имрӯза саҳми басо арзишманд гузоштаанд, изҳори сипос намоям.
Ҳамчунин, мо ният дорем корро дар ин ҷода тавассути дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази байналмилалии мусоидат ба татбиқи Даҳсола тақвият бахшем.
Раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола майдони иловагиро барои ҳамкории мо фароҳам хоҳад овард.
Мо ба ҷонибдории фаъоли шариконамон дар пешбурди қатъномаи мазкур дар чаҳорчӯби иҷлосияи ҳафтоду сеюми Маҷмаи умум умед дорем.
Аз нигоҳи мо, саъйю талошҳо ҷиҳати эҷоди механизмҳои мусоидат ба татбиқи Даҳсола бояд бо сафарбарсозии захираҳои зарурии башарӣ, молиявӣ ва фаннӣ тақвият дода шаванд.
Дар робита ба ин мехостам масъалаи талаботи бузурги соҳаи обро ба маблағгузорӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани лоиҳаву барномаҳои ин соҳа махсус таъкид созам.
Аз рӯйи ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ, талаботи ҳамасолаи молиявӣ барои иҷрои танҳо ду вазифаи Ҳадафи шашуми рушди устувор, яъне дастрасии умум ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт, то ба як саду чордаҳ миллиард доллари амрикоӣ мерасад.
Зимнан, зарур аст, ки саъю кӯшиши мо ба боло бурдани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии мавҷуда ва пайдо намудани манбаъҳои нави маблағгузории соҳаҳое, ки бо захираҳои об алоқаманданд, равона карда шаванд.
Ба ин манзур, тавсеаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ барои ҷалб намудани сармояи иловагӣ ба соҳаи об ва инфрасохтори он имконоти нав фароҳам месозад.
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
Ҷузъи фаромарзии ҳамкории арсаи об низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.
Ҳамкориву ҳамгироии самаранок, одилона ва барои ҷонибҳо судманд дар соҳаи об метавонад таконбахши рушди муштараки кишварҳое гардад, ки онҳоро ҳавзаҳои умумии об ба ҳам мепайвандад.
Минтақаи Осиёи Марказӣ мисоли возеҳи ҳамкории созанда дар соҳаи об мебошад, ки дар он нобаробарии ташаккулёбии захираҳои об ҷой дорад.
Чунин вазъ, дар баробари талаботи фарқкунандаи кишварҳои минтақа ба истифодаи захираҳои об аз лиҳози соҳавӣ ва мавсимӣ, чанде пеш чун омили баҳсу мунозираҳо ва ихтилофоти эҳтимолӣ арзёбӣ мегардид.
Вале тавре ки замон ва амалия нишон медиҳад, мо тавонистем дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ба пешрафти назаррас ноил шавем.
Айни ҳол дар минтақа имконоту инфрасохтори нав барои ҳамкории самарабахш ва таъмини рушди кишварҳои шомили он эҷод гардидаанд.
Ҷиҳати ноил шудан ба ин натиҷаҳо нақши чунин сохторҳои минтақавӣ, ба монанди Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ниҳодҳои он, бешубҳа, назаррас аст.
Ҳамзамон бо ин, имрӯз мо дар рӯ ба рӯи мушкилоту таҳдидҳои нави замони муосир қарор дорем, ки аз ҳарвақта бештар муттаҳид сохтани талошҳои муштарак ва иқдомоти ҳамоҳангшударо тақозо менамоянд.
Мисоли равшани ин таҳдидҳо мавсими камобии соли равон мебошад.
Бо сабаби боришоти ками мавсимӣ кишварҳои минтақа аллакай дучори камобӣ шуданд.
Ҳаҷми оби дарёҳо аз меъёрҳои миёнаи солона паст буда, дар мавсими обёрӣ ҳамагӣ дар ҳаҷми 60-70 фоиз пешгӯйӣ мешавад.
Чунин ҳолат ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии зичи талошҳои моро барои ҳалли ин қабил мушкилот тақозо менамояд.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир тағйироту таҳаввулоти минтақавӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башарӣ ва дигар арсаҳо суръати мусбати пешравиро пайдо кардаанд.
Чунин воқеият, бешубҳа, барои такмили минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ ва ҳалли якҷояи мушкилоти мавҷудаи минтақавӣ заминаҳои заруриро фароҳам месозад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мушоҳидаҳои бисёрсола гувоҳӣ медиҳанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.
Тибқи ин мушоҳидаҳо, тайи шаст соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир мо тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем.
Бо мақсади мониторинги ин равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим имсол мо дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва дар таҳкими иқтидорҳои он ба дастгирии ширикони рушд умед дорем.
Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик ин марказ дар раванди банақшагирӣ ва идораи захираҳои об на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар зинаи минтақавӣ низ саҳми арзанда хоҳад гирифт.
Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.
Ҳукумати мамлакат оид ба мутавозин сохтани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ аз тариқи навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда, бунёди иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири сарфаи он тадбирҳои ҳаматарафа меандешад.
Дар навбати худ, обанборҳои неругоҳҳо ба таъмини намудани танзими боэътимоди бисёрсолаву мавсимии ҷараёни об, пешгирии обхезиҳо ва кам кардани оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд.
Истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз” – метавонад ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонӣ (карбон) ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд.
Дар робита ба ин мехостам аҳаммияти татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000, ҳамчунин барқарор намудани фаъолияти ҳамзамони шабакаи энергетикии Тоҷикистонро бо низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки имконияти интиқоли энергияи “сабз”–и моро ба ҳамсоягони дуру наздик фароҳам меоранд, зикр намоям.
Дар кишвари мо таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат ва беҳдошт чун афзалияти дигари муҳим боқӣ мемонад.
Мо аллакай ба таҳияи Барномаи нав оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза барои давраи то соли 2030 шурӯъ намудем.
Ин Барнома яке аз ҳадафҳои калидии рушди устувор – дастрасии умуми аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштро фаро мегирад.
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи об, дар айни замон ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа низ нигаронида шудааст.
Дар ин зимн мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиатҳои умум мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад.
Дар фарҷоми сухани худ изҳори умед менамоям, ки иштирокдорони Конфронс бо истифода аз имконоти имрӯза дар таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав саҳми арзандаашонро хоҳанд гузошт.
Ба ҳамаи ҳозирин кори созандаву пурмаҳсул ва ба меҳмонони гиромии мо будубоши боҳаловатро дар сарзамини хуршедию меҳмоннавози Тоҷикистон орзу менамоям.
Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам!