«ДАР БОРАИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ВА ИБТИКОРОТИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нави Пешвои миллат аз чоп баромад

ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Нашрия аз маҷмӯаи порчаҳо аз паёмҳои парлумонӣ, суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо ва изҳороти матбуотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва замимаҳо иборат мебошад.

Қисмати аввали маҷмўа ба масъалаҳои мубрам ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир бахшида шудааст. Маводи қисмати дуюм ибтикороти Сарвари давлатро дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир инъикос мекунад.

Нашрияи мазкур барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимон, дипломатҳо, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пешбинӣ шудааст.

Шакли электронии китоб дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷой карда шудааст.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad