Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақа шарики стратегӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи августи соли равон дар назар аст, байни ду давлати дӯсту ҳамсоя –Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расад. Ин матлабро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар ҳамоише, ки 20 июл дар Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир гардид, баён дошт.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов доир ба сатҳи робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан карда, гуфт, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон сурат гирифт, дар таҳкими муносиботи ду кишвари дӯсту бародар саҳифаи нав боз кард.
Таъкид гардид, ки зимни сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд.
Сафири Ӯзбекистон ҳамзамон зикр кард, ки дар Ӯзбекистон барои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи август дар назар дошта шудааст, омодагӣ дида мешавад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санадҳои муҳими байнидавлатӣ ба имзо расонида шаванд, ки ба таҳкими муносиботи мутақобилан судманд ва ҳусни ҳамҷавории ду ҳамсоядавлат мусоидат менамояд.
Инчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ва ташкили намоишгоҳ дар назар аст, ки он ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Бо дахли тавсеаи равобити илмию фарҳангии ду ҳамсоядавлат Сафири Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов зикр кард, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими ҳамкории имлию фарҳангии ду давлат ҳайати беш аз 80-нафараи намояндагони илму фарҳанг ва аҳли зиёи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуда, аз шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва дигар шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон боздид ва бо аҳли илму зиёи Ӯзбекистон мулоқот мекунанд.
Дар ҳамоиши «Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон», ки олимону донишмандони тоҷик ҳузур доштанд, доир ба ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла, роҷеъ ба ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр ва умумиятҳои фарҳанги муштараки мардуми тоҷику ӯзбек табодули назар намуда, дӯстӣ ва робитаҳои эҷодии шоирони классикии халқҳои тоҷику ӯзбек- Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро намунаи барҷастаи дӯстиву рафоқати ду миллат- тоҷикон ва ӯзбекон арзёбӣ карданд.