Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари кории дурӯза ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки он 20-22 июли соли 2018 дар ш.Чолпон-Ато баргузор гардид, сафар намуд.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон созишҳои дар рафти вохӯрии кории (машваратӣ) сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (15 марти соли 2018, ш.Остона) ба даст омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти вохӯрии вазирон мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, маориф ва илм, фарҳанг ва туризмро муҳокима карданд.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетикро дар Осиёи Марказӣ тақвият дода, омодагии худро ҷиҳати таҳким додани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуданд.