Боздид аз толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»
Дар Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз рафти иҷрои корҳо дар минтақаҳои муҳимми иншоот — толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо шинос шуданд.
Тавре ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ, пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, корҳои сементатсионӣ, тибқи шартнома ва мутобиқи ҷадвали умумии сохтмон бошад, васлу насби таҷҳизоти гидротурбинӣ аз тарафи мутахассисони хориҷию ватанӣ идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ҷамъоварии ротор ва статори гидрогенератори рақами 6 пурра ба охир расида, аз озмоишҳои баландшиддати барқӣ бо шиддати тағйирёбандаи 36,5 кВ ва гидравликӣ бо фишори 12 атмосфера гузаштааст.
Васли такягоҳҳои манъкунии ротор ба анҷом расида, ротори генератори рақами 6 бо вазни 850 тн. ба кратери гидроагрегати рақами 6 интиқол дода шуд. Интиқоли статори генератори рақами 6 ба кратери гидроагрегати рақами 6 низ анҷом ёфт.
Дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо, васлу насби стерженҳои печакҳои статори генератори рақами 5 ба итмом расидааст.
То имрӯз дар атрофи камераи спиралӣ ва шахтаи турбина 3 ҳазору 944 метри мукааб бетон хобонда шудааст. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашудаи қисмати гидрогенератори рақами 6 – зиёда аз 16 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳамзамон васлу насби таҷҳизоти турбина идома дорад.
Дар атрофи шахтаи генератор васли системаҳои бо об хунуккунии агрегати рақами 6 ва дар толори трансформатори рақами 6 системаи бо об хунуккунии трансформатор тибқи лоиҳа оғоз гардидааст. Дар нақбҳои ноқилгузар, толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо васли қубурҳои системаи сӯхторхомушкунӣ идома дорад.
Бетонхобонӣ дар атрофи зону ва қубури ҷаббандаи турбинаи рақами 5 ба анҷом расида, дар сатҳи 956 метр 12 адад такягоҳи оҳанини қутрашон 325 мм, барои ба болои он гузоштани статори турбина васл карда, барои устувории такягоҳҳо гирду атрофи онҳо арматурбандӣ шудааст. Статори турбина дар кратери рақами 5 васлу насб карда шуд. Васли камераи спиралӣ дар кратери зикргардида ба анҷом расида, аз озмоиши гидравликӣ гузаронида шуд. Корҳои арматурбандӣ дар гирди панели спиралӣ идома дорад.
Дар майдончаи васлгарии муваққатӣ ҷамъкунии дарвозаи даврашакли агрегати рақами 5 қутраш 9 ҳазору 500 мм ва ҷамъкунии сарпуши турбина ба охир расонида, ба кратери рақами 5 васлу насб карда шуд.
Ҳаҷми умумии бетони хобонидашудаи қисмати гидрогенератори рақами 5 — 9 ҳазору 88 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Корҳои нақбканӣ дар қисмати агрегати рақами 4, дар ҳаҷми 7 ҳазору 393 метри мукааб ҳаффорӣ ва 1 ҳазору 888 метри мукааб бетонхобонӣ иҷро шудааст. Васлу насби анкерҳои АЖГ ба дарозии 9 ҳазору 744 метри тӯлонӣ иҷро гардидааст.
Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ дар толори мошинҳо бо назардошти қубурҳои ҷаббанда ба 32 ҳазору 924 метри мукааб ва васлу насби оҳанфулузот ба 1 ҳазору 82 тонна расидааст. Моҳона ҳаҷми корҳои нақбканӣ 3 ҳазору 131 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар толори трансформаторҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар сақф ва деворҳои бинои трансформаторҳо васлу насби анкерҳои минтақаи агрегатҳои рақамҳои 4 то 6 ва васлу насби болорҳои оҳану бетонӣ пурра ба анҷом расидааст.
Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1 то 3 дар Бинои трансформаторҳо тибқи ҷадвали иҷроиши корҳо барои гузаронидани трансформатори асосии рақами 6 муваққатан мавқуф гузошта шуда, дар агрегатҳои рақамҳои 4 то 6 ба итмом расидааст. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашуда бо назардошти майдончаи васлгарӣ 17 ҳазору 366 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Корҳои ҳаффории коллекторҳои 1 то 3 идома дошта, то имрӯз дар ҳаҷми 13 ҳазору 607 метри мукааб нақбканӣ ва 4 ҳазору 35 метри мукааб корҳои бетонхобонӣ иҷро шудааст.
Ҳаффории шахтаи насосҳои обкаш пурра ба итмом расида, корҳои бетонхобонӣ тибқи нақша идома доранд. Айни замон дар ҳаҷми 5 ҳазору 192 метри мукааб бетон хобонида шудааст.
Баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон ва роҳбарияти неругоҳ барои иҷрои тадбирҳои муҳимму мушаххас баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи корҳои босифату саривақтӣ ҳидоят карданд.
Тавре маълум аст, аз рӯйи нақша агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун бояд тирамоҳи соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Ба фаъолият оғоз кардани агретаги якуми ин иншооти муҳимми мамлакат қадами устувор дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.