Мудири кулли Кумитаи танзими кумакҳои хайриявии Давлати Қатар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд

ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 24 июл ҳайати Давлати Қатар таҳти роҳбарии Мудири кулли Кумитаи танзими кумакҳои хайриявӣ Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Меҳмонон 25 июл дар доираи сафари корӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро директори Осорхонаи миллӣ Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол намуданд.

Тавре сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод,  ба меҳмонон аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ дар сатҳи баланди касбӣ бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Будоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ба анҷом расид.

Меҳмонон тавассути толорҳои нигоравии Осорхона бо таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик аз низдик шинос гашта, Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳаймӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро  қайд намуд.

Ёдовар мешавем, ки  сафари ҳайати мазкур то 29 июл идома меёбад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad