Мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Фаластин Риёз Моликӣ
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Фаластин Риёз Моликӣ мулоқот намуд. Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди муносиботи ин ду давлати дӯст изҳори қаноатмандӣ карда, баҳри боз ҳам тақвият ёфтани ҳамгироӣ истифодаи имконоти ҷойдоштаро ба манфиати ҳарду ҷониб донистанд.
Сарвазири мамлакат зикр намуд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон дар самтҳои муҳим ҳамчун кишвари ташаббускор дониста шуда, баҳри беҳтар намудани муносиботи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имкониятҳо фароҳам овардааст.