Сафорати Амрико ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбӣ ба ҳодисаи дар ноҳияи Данғара рухдода миннатдорӣ баён намуд

ДУШАНБЕ, 31.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон оид ба вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо ба ҳодисаи рухдода миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомот дар раванди тафтишот давом медиҳад», — гуфта мешавад дар сомонаи расмии Сафаорати Амрико дар Тоҷикистон.

29-уми июли соли ҷорӣ ду шаҳрвандони дучархасавори амрикоӣ дар натиҷаи пахши мошин дар ноҳияи Данғара ба ҳалокат расиданд.

«Мо ин ҳамлаи ғайримунтазириро маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён мерасонем ва ба онҳое, ки дар ин фоҷеа осеб диданд, шифоёбии оҷилро орзу мекунем», — омадааст дар хабари Сафорати Амрико.

Сафорти Амрико дар Тоҷикистон таъкид менамояд, ки Сафорат ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad