Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев оғоз гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлатро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни мулқоту музокироти имрӯза ба даст омада бо мазмуну муҳтавои нав шарикии давлатҳоро ба сатҳу зинаҳои боз ҳам беҳтару хубтар мерасонад.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои сипаришуда дар асоси Аҳднома оид ба дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким бахшида шуда, ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо рушд меёбанд ва Тоҷикистону Озарбойҷон дар бисёр масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи ягона ва ё монанд доранд.

Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки муколамаҳои пайвастаи сиёсӣ дар сатҳи баланд ва мавҷудияти фазои боварию эътимоди байниҳамдигарӣ ба рушди бемайлони муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, ягонагию ҳамсонии мавқеи ҷонибҳоро дар аксар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ собит месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишварҳои мо барои рушду таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ҳавасманд буда, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳамин замина ба ҷониби Озарбойҷон барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» изҳори сипос карда шуд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ асоси ҳамгироии байнидавлатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ шуд ва ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъкид гардид.

Вобаста ба ҷалби ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва таъминоти маҳсулоти нафтӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, дар ин самт гузаронидани ҳамоишҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот муҳим шуморида шуд.

Барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот бо истифода аз инфрасохтори нақлиётии Озарбойҷон, тақвияти ҳамкории корхонаҳои алюминий ва ширкатҳои нафту газ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва роҳҳои автомобилгард, инчунин истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуд.

Ба рушди ҳамкории корхонаи “ТАЛКО”-и Тоҷикистон ва ширкати Азералюминий, ширкати давлатии нафту газии “СОКАР”-и Озарбойҷон низ мароқ зоҳир гардид.

Ҳамчунин зимни мулоқот ба хариди ашёи хоми нафтии кокс, глинозём, маводҳои сухт, сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, роҳҳои мошин, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди неъматҳои моддии зеризаминӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мароқ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо муҳимияти рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, хоҷагии қишлоқ, ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг таъкид намуда, изҳор доштанд, ки густариши муносибатҳо дар ин соҳаҳо манфиатовар хоҳанд буд.

Соҳаҳои туризм, равобити фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, табодули донишҷуён, ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои якдигар, аз самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба маънидод гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ҷонибҳо барои истифодаи имкониятҳои фарохи истифоданашуда тадбирҳои муҳиму мушаххас меандешанд.

Дар мулоқоту музокироти сатҳи баланд ҳамчунин мавзуҳои марбут ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромарзӣ ҳамчун омилҳои таҳдидкунандаи амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар муборизаи беамон бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъкид карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид.

Зимни ин маросим 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида,

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди  Пешбурди содирот ва сармоягузорӣ (AZRPROMO);

Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Телевизион ва радиошунавоии Озарбойҷон”;

Ёддошти тафоҳум оид ба таҳвили кокси нафтӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Ширкати нафтии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон (SOCAR);

Созишнома байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии сарҳади Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таҳсили низомиёни қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳади Ҷумҳурии Озарбойҷон;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

Протокол байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон;

Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2019-2020, ба имзо расид.

Дар охир сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad