Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар

Имрўз Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Давлати Қатар Шайх Аҳмад ибн Ҷосим ибн Муҳаммад Оли Сонӣ мулоқот намуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими дуҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз рушди муносиботи Тоҷикистону Қатар, ки дар заминаи тадбирандешиҳои сарони ҳарду давлат амалӣ гаштааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд ва омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи  бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои  гуногун таъкид доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзўъҳои  муҳими мавриди  таваҷҷўҳ баррасӣ шуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad