Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Япония Синдзо Абэ
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Ҷанобон ва хонумҳо,
Кишвари ба мо дӯсти Япония дар силсилаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой ва мақоми муҳим дорад.
Сафари имрӯзаи мо идомаи мантиқии муколамаи сиёсии ҷонибҳо дар сатҳҳои олиӣ ва баланд мебошад, ки тайи солҳои охир хислати мунтазам пайдо кардааст.
Ҳадафи асосии он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ва таҳияи василаву тариқаҳои рушди онҳо дар оянда мебошад.
Мехостам изҳор намоям, ки натиҷаҳои дар Эъломияи муштараки ҷонибҳо инъикос ёфтаи музокироти имрӯза бо интизориҳои мо аз сафари кунунӣ мутобиқанд.
Мо як силсила санадҳои дуҷонибаро ба имзо расонидем ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик онҳо шакли иқдомоти амалиро хоҳанд гирифт.
Ҷонибҳо ҳамназару ҳамақидаанд, ки аксари лоиҳаҳои аз ҷониби Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда бо ҳадафҳои стратегии рушди кишвари мо комилан созгор мебошанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки сарфи назар аз ҷараёни мусбати робитаҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, дар ҷодаи густариши ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисод, Тоҷикистону Япония имкониятҳои фарохи ҳанӯз истифоданашуда доранд.
Дар ин иртибот, ҷониби Тоҷикистон изҳор сохт, ки ният дорад дар симои кишвари дӯсти Япония шарики муҳимму тавонои тиҷоративу иқтисодии худро пайдо намояд.
Бо мақсади ғанӣ ва гуногунсамт гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба мо ба ҷониби Япония пешниҳод намудем, ки он, аз ҷумла дар бахши молия таҳким дода шавад.
Мо, ҳамчунин, тазаккур додем, ки ҳавасмандгардонии доираҳои соҳибкории Япония ба хотири пешбурди фаъолият дар Тоҷикистон метавонад ба омили муҳимми рушду густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиамон мубаддал гардад.
Дар рушду густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо ва умуман, тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи мо кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ нақши муҳим бозида метавонад.
Ҷониби Тоҷикистон саноат, истихроҷи маъдан, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва рушди манбаъҳои аз лиҳози экологӣ тозаю таҷдидшавандаи неруи барқро чун арсаҳои афзалиятдори ҳамкорӣ таъкид намуд.
Дар ҷараёни суҳбату мубодилаи афкор аҳаммияти густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг низ зикр гардид.
Масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи мо дар соҳаи сайёҳӣ ба таври хосса мавриди таваҷҷуҳи мо буданд.
Мо дар масъала ҳамфикр будем, ки пешбурди табодули башарӣ тавассути сайёҳӣ барои таҳкими сулҳу дӯстӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар ҷараёни музокирот мо ба масъалаҳои калидии дорои хислати минтақавию байналмилалӣ дар арсаи амният дахл намудем.
Ман муборизаро бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъу шаклҳои таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар назар дорам.
Дар ин маврид нисбат ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷониби Тоҷикистон саҳми азими Японияро дар раванди таъмини амнияти минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Япония + Осиёи Марказӣ” таъкид намуд.
Ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мо изҳори омодагиву манфиатдорӣ кардем.
Ҷонибҳо ба мавзӯи равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ низ, ки тайи солҳои охир хислати мусбат пайдо кардаанд, таваҷҷуҳ намуданд.
Дар ин ҷо муносиби маврид гуфтаниам, ки оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо дидгоҳу мавқеи наздику яксон ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамдастиву ҳамкории зич доранд.
Мо бо Аълоҳазрат Императори Япония Акихито низ роҷеъ ба масъалаҳои номбаршуда гуфтугӯйи пурмуҳтаво ва созанда доштем.
Дар фарҷоми суханронӣ мехоҳам ба роҳбарияти кишвари дӯсти Япония дар симои Аълоҳазрат Акихито, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ва ҳамаи дӯстони японии мо барои меҳмоннавозии гарми суннатӣ изҳори сипос намоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.