Баррасии самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Қатар

 

Дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар Давҳа рӯзҳои 8-10 октябри соли 2018 мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ, Вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар Шайх Аҳмад бин Ҷосим бин Муҳаммад Оли Сонӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ ва Раиси Шӯрои мудирони минтақаҳои озоди иқтисодии Қатар Аҳмад Муҳаммад ал-Сайид баргузор шуданд.
Дар рафти мулоқотҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёту коммуникатсия, фаъолиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур ва афзоиши тиҷорати дуҷониба ва ҳаҷми сармоягузориҳои Қатар дар иқтисодиёти Тоҷикистон зарурати дар наздиктарин фурсат кушодани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид гардид.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad