Дар Қатар 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
6 ноябри соли 2019 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идонаро ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Қатар ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат баргузор намуд.
Дар ҳамоиши мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфта, нуқтаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ин ҷашни умумимиллию таърихӣ шарҳ дод.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ дастовардҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаи кишвар дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ муаррифӣ шуданд.