1 марти 2020 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар, ки дар он қитъаи интихоботии тобеи ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир аст, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар интихоботи парлумонӣ иштирок намуда, раъй дод.