Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати зодрӯзаш самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки ҳамчун пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ҳам хизмат карда истодаанд, ба таври хосса таъкид намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯзҳо пешорӯи давлатҳои мо ҳадафҳои зиёди умумӣ истодаанд ва Тоҷикистон омодааст, ки ҷиҳати ноил шудан ба онҳо бо ҷониби Ӯзбекистон минбаъд низ ҳамкориҳои зичи созанда дошта бошад.
Дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.