Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикоти ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи президентӣ қабул фармоед.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ нуфузи баланди сиёсӣ ва аз ҷониби ҳамаи мардум дасгирӣ намудани роҳи Шуморо, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он нигаронда шудааст, пурра тасдиқ менамоянд.
Мо ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон аҳаммияти калон медиҳем. Мехоҳам алоқамандии худро ба идомаи ҳамкории зичи муштарак ҷиҳати афзун гардонидани тамоми маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаамон бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти мо ва ба хотири таъмини сулҳу амонӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намоям.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти сермасъулатон дар маснади сарвари давлат комёбиҳои навин, ҳамчунин саломатии қавӣ ва некӯаҳволӣ таманно дорам”.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент,
Лутфан иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини ин ҷонибро арз намоям.
Натиҷаҳои интихоботи анҷомёфта бори дигар собит месозанд, ки Консепсияи идораи давлат, ки аз ҷониби Шумо татбиқ мегардад, мавриди дастгирии васеи мардуми Тоҷикистон қарор дорад. Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар амалияи рушди миллӣ ҳатман ба комёбиҳои навини бузург ноил хоҳад шуд.
Чин ва Тоҷикистон ду ҳамсояи ба якдигар некхоҳ, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод мебошанд, ки ба таври доимӣ ҳамдигарро дастгирӣ намуда, дар муносибатҳояшон сатҳи баланди эътимодро нигоҳ медоранд ва онҳоро кӯҳҳову дарёҳои умумӣ ба ҳам мепайванданд. Тайи солҳои охир дар муносибатҳои дуҷонибаи мо иқдомоти нав ба назар мерасанд. Чин ва Тоҷикистон нахустин маротиба бунёди ҷомеаи рушд ва ҷомеаи амнияти муштаракро эълом дошта, дар қатори пешсафони бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният қарор гирифтанд ва ба ин манзур назири равшане барои ҷомеаи ҷаҳонӣ шуданд. Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳаммияти бузург медиҳам ва барқарории муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии шахсии амиқ бо Шуморо қадрдонӣ менамоям. Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо ҷиҳати ба зинаҳои нав баровардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон бар нафъи мардумон ва кишварҳои мо ба таври доимӣ кӯшишҳои муштаракро ба харҷ диҳам.
Ба Шумо сиҳатии қавию комёбиҳои бузург орзумандам.
Ба мардуми Тоҷикистони дӯст рушду шукуфоӣ ва ба мардуми он саодатмандиву некӯаҳволӣ хоҳонам”.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари азиз!
Аз самими қалб Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бо пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баландтарин сатҳи тадорукотӣ доир гардиданд, табрику муборакбод менамоям. Самимонатарин таманниёти неку сидқии манро қабул фармоед.
Ҳузур ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва натиҷаҳои овоздиҳии баргузоргардида бори дигар эътимоди бузург ва тарафдории васеи аҳолиро аз барномаи ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодие, ки аз ҷониби Шумо ба мақсади таъмини рушди босубот ва ноил гаштан ба шукуфоии давлат татбиқ мегардад, тасдиқ менамоянд.
Мехоҳам ба таври хосса таъкид намоям, ки таҳти роҳбарии Шумо то ҳол корҳои бениҳоят бузурги созандагӣ ба анҷом расонида шуда, мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким ёфтааст.
Мо таваҷҷуҳи доимӣ ва саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумони ба ҳам бародари мо баланд арзёбӣ карда, қадрдонӣ менамоем.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба туфайли саъю талошҳои муштараки мо, ки ба пешбурди манфиатҳои аслии мардумони мо нигаронда шудаанд, инчунин барқарории муносибатҳои бародарона ва эҳтироми ҳамдигар густариши босуръати шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон идома ёфта истодааст.
Итминон дорам, ки якҷо бо Шумо мо таъмиқу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои пуррамиқёси кишварҳоямонро таъмин хоҳем кард, ки худ барои ба сатҳи боз ҳам баландтару сифатан нав баровардани муносибатҳои дарозмуддату гуногунҷанба ва барои ҷонибҳо судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатии қавӣ, некӯаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шуморо сидқан ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям!
Пирӯзии комили Шумо дар интихоботи баргузоргардида боз як далели аз ҷониби тамоми мардум устуворона дастгирӣ намудани роҳи стратегии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, некӯаҳволии шаҳрвандон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар нигаронда шудааст.
Саҳми бузурги шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстии шикастнопазир ва шарикии стратегии миёни кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоям. Итминон дорам, ки бо кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Қазоқистон ва Тоҷикистон мутобиқ ба манфиатҳои ду мардуми ба ҳам бародари мо ба зинаҳои нави боз ҳам баланд хоҳанд баромад.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, татбиқи муваффақонаи ҳамаи нақшаҳои дар маснади олии давлатӣ ба хотири таъмини некӯаҳволӣ ва шукуфоии Тоҷикистон таҳия гардидаатонро орзумандам”.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“Ҷанобн оқои Эмомалӣ Раҳмон
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ассалому алайкум,
Интихоби дубораи Ҷаноби Олй ба унвони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Итминон дорам, ки бо иноят ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвари дусту бародар дар давраи ҷадиди масъулияти он Ҷаноб, муносиботи ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таьмини манфиатҳои муштарак ва таҳкими сулҳу суботи мантақавӣ беш аз пеш густариш ёбад.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва мувафаққияти он Ҷаноби Олӣ ва иззату сарбаландии мардуми Тоҷикистонро орзу дорам”.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов чунин омадааст:
“Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Бо камоли масррат Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи баргузоргардида ва интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ эътимоди баланди мардуми Тоҷикистон ба Шумо, ки бо раъйдиҳиаш ба тамоми олам тарафдории васеъ ва бешакку шубҳаи худро аз роҳи интихобкардаи Шумо ҷиҳати таъмини субот дар кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии он, ҳамчунин сиёсати созандаи Шумо, ки ба рушди босуръати кишвар ва бемайлон баланд бардоштани эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дода, ба таври пурра тасдиқ менамояд.
Ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябри соли 2020 доир гардиданд, ҳамчун интихоботи шаффофу озод ва қонунӣ, ки ба оламиён қадамҳои муҳими кишварро дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, эътироф намуд.
Изҳори итминон менамоям, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Шумо ба комёбиҳои боз ҳам назаррастар ноил гардида, босуръат рушд хоҳад кард.
Шумо яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошед ва ба таҳкими пайвастаи зарфиятҳои сиёсиву иқтисодии он аҳаммияти калон медиҳед. Мо ҳамчунин дар арафаи лаҳзаи муҳим, яъне пас аз Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмон дар моҳи ноябри соли 2020 гузаштани раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Россия ба Тоҷикистон, ки таҳти нишонаи 20- солагии қарори таърихии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай хоҳад анҷом ёфт, қарор дорем.
Дар иртибот ба ин ҳамчунин мехоҳам ба Шумо фаъолияти муваффақонаву босамарро ба ҳайси раиси ояндаи Созмони Ҳамкории Шанхай орзу намоям.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу некӯаҳволӣ ва дар фаъолиятатон дар маснади олии давлатӣ комёбиҳои бузург баҳри сулҳу пешрафт ва шукуфоии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳонам”.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.