Барқияи табрикӣ аз номи Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба унвони Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:
“Ҷаноби Олӣ,
Шарафёбам ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Давлати Қатар ва аз номи худ табрику таҳниёти самимиро ба Шумо арз намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии бардавом, комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафтҳои беш аз пеш, инчунин таҳкими робитаҳои зич байни ду кишварро дар солҳои баъдӣ орзумандам”.