Суҳбати телефонӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

 

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ибтидои суҳбат Амири Давлати Қатар бори дигар табрикоти самимӣ ва таманниёти неки неки хешро ба Пешвои миллат дар робита ба натиҷаҳои интихоботи президентии дар Тоҷикистон баргузоргардида ва аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду кишвари дӯст вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ҷонибҳо, ки бар асоси манфиатҳои муштарак қарор доранд, баҳои баланд медиҳад.

Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни иқтисод бо шумули соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳи ҳанӯз ҳам дорои захираҳои истифоданашуда мебошанд.

Дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн инчунин ҳолат ва ояндаи робитаҳои ду кишвар дар чорчӯбаи сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва масъалаҳои умдаи байналмилаливу минтақавӣ қарор доштанд.

Дар ин замина ҷонибҳо оид ба таъсири паёмадҳои глобалии пандемияи «КОВИД – 19», ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози андеша карданд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон низ дар вазъияти мавҷуда истисно нест ва тамоми саъйю талоши худро ба пешгирии оқибатҳои он, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равона карда истодааст.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ҷиҳати ҳамкорӣ дар мубориза бо ин бемории сироятӣ изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Даъвати мазкур аз ҷониби Қатар бо камоли майл пазируфта шуд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad