Мулоқот бо роҳбари Ширкати энергетикии Қатар “Nebras Power”
Рӯзи 24 ноябри соли 2020 дар шаҳри Давҳа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири иҷроии ширкати энергетикии Қатар “Nebras Power” ҷаноби Холид Муҳаммад Ҷӯлӯ мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар рафти суҳбат атрофи дурнамои ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика табодули назар сурат гирифт.