Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, иҷрокунандаи вазифаи Президент, раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ва ҳамчунин раиси Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Вячеслав Володин иштирок карданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти раёсати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.
Барои баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин масъала оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмон ворид карда шуданд.
Дар ҷаласа инчунин роҳҳои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои Федератсияи Россияро барои таъмини устувории кори Созмон дар шароити душвори имрӯза, вақте ки ҷаҳон бо афзоиши бесобиқаи чолишҳо ва таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудааст, махсусан қайд карданд.
Дар ин зимн мушкилоти мухталифи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои аъзои СААД дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба онҳо дучор омадаанд, алахусус оқибатҳои манфии бӯҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодӣ, ки боиси афзоиши бекорӣ ва таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ шудааст, таъкид гардиданд.
Инчунин, тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қайд карда шуд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлати мо аҳамияти пурзур кардани нерӯи СААД-ро барои муқовимати самаранок ба таҳдидҳо ва чолишҳои амниятӣ пешниҳод карданд.
Дар робита ба гузаштани вазифаҳои раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагии кишварамонро ҷиҳати идомаи сиёсати ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигарондашударо ба хотири таъмини ҳаёти бехатар ва осоиштаи халқҳои кишварҳои аъзои СААД таъкид намуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба афзоиши хавфҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсири бениҳоят манфӣ мерасонанд, таваҷҷуҳ намуда, зарурати ба ҳам овардани талошҳои кишварҳои аъзоро ҳам дар доираи Созмон ва ҳам дар ҳайатҳои васеътар таъкид намуданд.
Аз ҷумла, бо дарназардошти истифодаи торафт фаъолонаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои ҳадафҳои таблиғ ва ҷалбсозӣ, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, инчунин иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд, таъкид гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳолат дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди маводи мухаддир муҳокима карда шуд.
Зимни сухани хотимавӣ Пешвои миллат назари Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятноки раёсати Созмон дар соли 2021 шарҳ доданд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар оянда низ ба тавсеаи пайгиронаи ҳамкориҳо дар самти сиёсӣ, идомаи корҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, инчунин густариши ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти вазъи имрузаи вобаста ба ҳамагирии коронавируси нав зарурати идомаи корҳо дар самти таъмини амнияти тиббиву биологии кишварҳои аъзои Созмон ва дар чаҳорчубаи СААД таъсис додани механизми ҳамкорӣ дар ин арса аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои аъзои Созмонро ба Душанбе барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки соли оянда дар кишвари мо баргузор мешавад, даъват карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Изҳорот ва Эъломияи СААД қабул карда шуда, як қатор қарорҳои муҳими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзоро дар назар доранд, ба имзо расиданд.