Мулоқоти Сафир дар Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар
8 феврали соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Аҳмад Оҳан баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои танзими нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро, ки баргузории он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳа таҳти раёсати вазирони соҳавии ду кишвар пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд. Дар ин замина атрофи роҳҳои тақвияти нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва дигар абзорҳои дуҷониба дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.