Мулоқот бо Вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардааст, пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карданд.
Дар ин зимн таъкид гардид, ки то ба имрӯз миёни кишварҳои мо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон бо ин Пешвои миллат зарурати татбиқи ҳамаҷонибаи санади дар соҳаи амниятӣ баимзорасидаро, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байни мақомоти умури дохилии ду кишвар заминаи мусоидро фароҳам овардааст, бахусус таъкид карданд.
Вобаста ба ин Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои умдаи шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар пасманзари пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти бӯҳронӣ шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ низ, ки бешубҳа, ба вазъи кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷиддан таҳдид мекунад, мавриди баррасӣ қарор дошт.
Дар ин зимн ҷонибҳо нисбати иқдомҳои амалии ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо пандемия мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дигар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.