Вохӯрӣ бо соҳибкорони қатарӣ
Рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ дар қароргоҳи Анҷумани мустақилли ҷаҳонии Қатар (QIGA), ки фаъолиятҳои он ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориҳо равона шудаааст, вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо раиси Анҷумани мазкур ҷаноби Солеҳ Абдуллоҳ Ҷавос ва аъзои Шӯрои мудирони QIGA баргузор шуд.
Дар рафти вохӯрӣ роҳҳои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо байни соҳибкорони ду кишвар баррасӣ шуданд ва атрофи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.
Қарор аст дар фурсатҳои муносиб нишасти доираҳои алоқаманди ду кишвар ба мақсади баррасии соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шавад.