Мулоқот бо созмондиҳандагони Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ дар Давҳа
Рӯзи 24 майи соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо намояндагони ҳайати тадорукотии (QTM 2021) Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ (Qatar International Exhibition for Travel and Tourism) , ки баргузории он рӯзҳои 16-18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа пешбинӣ шудааст, вохӯрии корӣ анҷом дод.
Атрофи иштироки ширкатҳои саёҳатии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи мазкур ва роҳҳои тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи гардишгарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.