Вохӯрии Сафир бо Мудири кулли Кумитаи танзими амалҳои хайриявии Давлати Қатар
Рӯзи 28 майи соли 2021 вохӯрии кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли Кумитаи танзими амалҳои хайриявии Давлати Қатар Иброҳим Ал-Дуҳеймӣ баргузор шуд.
Дар заминаи тавсеаи робитаҳои судманди ду кишвар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар арсаҳои иҷтимоию гуманитарӣ, аз ҷумла пешгирии офатҳои табиӣ, таҳия ва татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳое, ки ба таъмини рушди босубот мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.