Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Шоми рӯзи 10 июн дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад” дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad