Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Фаронса
13 октябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
Барои истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон меҳмони олимақом, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ва пазироии хоса ба ҷониби Фаронса изҳори сипос карда, қаноатмандии худро аз робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса, ки дар рӯҳияи эҳтирому назардошти манофеи миллии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд, иброз доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд.
Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсонию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ муҳокима карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ инчунин ба ҳалли мушкилот вобаста ба пандемияи короновирус, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро доранд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва саноат, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст.
Ба иштироки фаъоли ҷониби Фаронса дар азнавсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор, баҳои баланд дода шуд.
Дар ин зимн ҳамчунин ба иштироки ҷониби Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии системаи бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад барои ҳамкории васеъ ва татбиқи босамари ҳадафҳои рушд мусоидат намояд.
Фаъолгардонии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва Ассотсиатсияи ширкатҳои МЕДЕФИ Фаронса аз имконоти дигари ҷоннок кардани ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод муҳим номида шуд.
Аз омодасозии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо барои давраи то соли 2026 изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвари мо, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ, баррасӣ карда шуд.
Дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.
Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Фаронса даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Дар саҳни ҳавлии Қасри Елисей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар назди доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.