Вохӯрии Сафир бо Мудири раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Қатар
Рӯзи 9 ноябри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири навтаъйини раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Қатар ҷаноби Юсуф Султон Ларам баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму тавсеи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатарро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ карданд.
Ҳамчунин атрофи қазияҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.