Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Кумитаи олимпии Қатар
Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Кумитаи олимпии Қатар
Рӯзи 15 ноябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Дабири кулли Кумитаи олимпии Қатар Ҷосим Рошид Ал-Буайнайн мулоқот намуд.
Дар ростои дастурҳои роҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш ҷонибҳо рафти иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни кумитаҳои олимпии ду кишварро баррасӣ карданд.
Дар ин замина ва бо дарназардошти мизбонии пойтахти Қатар –шаҳри Давҳа аз Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2030, атрофи масъалаҳои танзими чорабиниҳои варзишӣ, тамринҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ дар намудҳои гуногуни варзиш, табодули таҷрибаи мураббиён ва татбиқи муштараки тарҳҳои марбут ба рушди зерсохтори соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон табодули назари судманд сурат гирифт.