Вохӯрии Сафир дар Вазорати меҳнати Давлати Қатар
Рӯзи 23 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо мудири Раёсати истихдоми Вазорати меҳнати Давлати Қатар Фавоз Муҳаммад ал-Раис баргузор шуд.
Ҷонибҳо роҳҳои татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар ва дар ин замина масъалаҳои густариши ҳамкории ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ ва бахши хусусии ду кишварро баррасӣ карданд.