Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

 

27 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо оид ба рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.

Пешниҳод гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар, ҳамчунин гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои ду кишвар қарор гирад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad