Дар Давҳа Нақшаи миллии Тоҷикистон барои коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим рӯнамоӣ шуд
29 ноябри соли 2021 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба мақсади таблиғи ташаббусҳои кишварамон дар ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои “Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об” ва пешгирӣ аз оқибатҳои вахими тағйирёбии иқлим, нишасти матбуотиро дар “Клуби дипломатии Давҳа” бо ҳузури сафирони кишварҳои Осиё, намояндагони доираҳои расмӣ ва васоити ахбори оммаи Давлати Қатар танзим намуд.
Зимни рӯнамоии Нақшаи миллии Тоҷикистон барои коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҳозирин ба зарурати татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва пешбурди муштараки дигар ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти мубоҳисаҳои СММ таҳти унвони “Амалисосзии иқдомҳо дар соҳаи иқлим” (27.10.2021) ва ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим (02.11.2021) эълон гардиданд, ҷалб карда шуд.
Дар ин замина аҳамияти гирифтани иқдомҳои таъхирнопазир ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳодҳои Сарвари давлатамон оид ба эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар таъмини рушди устувори кишварҳои минтақа ва берун аз он нақши ҳаётӣ доранд, таъкид гардид.