Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори конференсияи байналмилалӣ дар Давлати Қатар иштирок намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори конференсияи байналмилалӣ дар Давлати Қатар иштирок намуданд
Декабрь 14, 2021,
Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Баҳриддин Зиёӣ дар кори конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши вакилон дар татбиқи нақшҳои миллии амал оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомези барои терроризм заминасоз», ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуданд, ки “терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда истода, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён меоваранд. Бояд тазаккур дод, ки амалҳои террористӣ ба дараҷае расидаанд, ки ба соҳибихтиёрии мамлакатҳо хатари ҷиддӣ эҷод карда, хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Барои амалӣ намудани чунин талабот санадҳои меъёрии ҳуқуқии устувор шарт ва заруранд, ки Парлумони мамлакат ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд”.
Зикр шуд, ки дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки давоми солҳои дар самти мазкур қабул карда шудаанд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» мавқеи хосро доро мебошад.
Тавре таъкид гардид, Парлумони Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба таҷрибаи мавҷудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне субъектони муборизабаранда бар зидди терроризму экстремизм дар ҳама ҳолатҳо диққати ҷиддӣ дода, ба онҳо такя мекунад. Дар ҳамин асно баъди омӯзиш вобаста ба шароити ҳамарӯза ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самт барои ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод менамояд, то фаъолияти онҳо пурсамар ва натиҷабахш бароянд.
Чунончӣ, дар давраи шаш соли охир ба қонунгузории ин самт зиёда аз 50 маротиба, аз ҷумла 10 маротиба ба қонуни соҳавӣ, 47 маротиба ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аввали соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Ғайр аз ин МН МО ҶТ ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ дар ин самт бо Ассамблеяи Байнипарлумонӣ, СҲШ, СААД ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ба роҳ монда, солҳои охир якчанд созишномаҳо ва протоколҳоро дар сатҳи зарурӣ омода ва қабул кардааст, ки баҳри фаврӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи мақомоти муборизабаранда ва муқовиматкунандаи терроризму экстремизм мусоидат карда истодааст.
Вакилони мардумӣ ҳамчунин ёдовар шуданд, ки дар ҷумҳурӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат бо экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар субъектони муборизабаранда ва муқовиматкунанда амал мекунанд.
“Таҷриба инчунин нишон дод, ки шомилшавии бархе ҷавонон ба ташкилоти террористию экстремистӣ аз фаро гирифтан ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ сухан гуфтаанд”,- афзуданд дар интиҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми кори конференсияи байналмилалӣ дар Давҳа вакилон аз парлумонҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рӯзи 15 декабр дар ҳошияи конфронси мазкур рӯнамоии «Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» пешбинӣ шудааст.