Мулоқот дар Палатаи савдои Давлати Қатар
Рӯзи 6 марти соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Муовини раиси Палатаи савдои Қатар ҷаноби Рошид Ҳамад Ал-Азба баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат роҳҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ва таҳкими ҳамкориҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Қатар дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар давоми соли ҷорӣ дар Давҳа ва Душанбе нишастҳо ва музокироти намояндагони бахши хусусӣ ва доираҳои алоқаманди тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва молиявии Тоҷикистон ва Қатарро танзим хоҳанд кард.