Ба муносибати фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳнияти самимиро ба ҳамватанони муқими Давлати Қатар арз менамоем.
Ин ҷашни фархунда ҳамеша навидбахши афкори нав, кирдори нав ва тасмимҳои нав барои ояндаи беҳтар аз гузашта аст. Орзумандем, ки ҷойгоҳи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ чун Наврӯз ҷовидон бод ва дар рушди беш аз пеши кишвари маҳбубамон дар ҳамаи заминаҳо шоҳиди дастовардҳои навину беназир бошем.
Дар ин айёми сабзу дилангез ба шумо сиҳатмандии комил, хушнудӣ ва комёбиҳои рӯзафзунро таманно дорем.
Бо эҳтиром,
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Давлати Қатар