Иштирок дар 14-умин конфронси Давҳа оид ба муколамаи динҳо
24-25 майи соли 2022 ҳайати кишварамон бо роҳбарии раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар 14-умин конфронси Давҳа оид ба муколамаи динҳо, ки зери унвони “Динҳо ва паёмҳои нафратомез, таҷриба ва матнҳо” доир гардид, иштирок намуд.
Дар ҷаласаҳои конфронси мазкур пайравони динҳои ислом, масеҳӣ ва яҳудӣ ва инчунин коршиносони маъруфи байналмилалӣ дар соҳаи диншиносӣ ва муколамаи тамаддунҳо иштирок намуда, маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба озодиҳои динӣ, ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон, муносибати давлат ва дин, мавқеи дин нисбат ба нақзи ҳуқуқи мазҳабии фард ва ҷамоатҳо, ҳуқуқи инсон дар китобҳои муқаддаси динӣ, инчунин таҷрибаи баъзе кишварҳо ва намунаҳои мутобиқ намудани арзишҳои динӣ дар қонунгузории миллӣ оид ба ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд.
Дар ҳошияи конфронси мазкур Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Муовини вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар- Раиси маркази байналмилалии Давҳа барои муколамаи адён доктор Имроҳим Ал-Наимӣ мулоқот намуд. Дар рафти суҳбат атрофи роҳҳои татбиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази мазкур ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими муштараки анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсил ва ташкили давраҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисоси коршиносон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назари судманд сурат гирифт.