Мулоқот бо Сарвазири Қатар
24 майи соли 2022 дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амният “Милипол Қатар-2022” Сарвазир, Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Холид бин Халифа бин Абдулазиз Оли Сонӣ Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш Ҳакимро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар соҳаи амният, тақвияти робитаҳои байни вазоратҳои корҳои дохилӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.